ТОҶИКИСТОН

ҲАБСИ ПУЛЧИНАКИ ХАТСАЙРИ №45 БАРОИ ДАҒАЛӢ НИСБАТ БА ЯК ЗАН

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки пулчинаки хатсайри №45 барои таҳқири як зани мусофир ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.Бино ба ин манбаъ, як зани сокини пойтахт бо ирсоли расми мошини тамғаи «Мерседес Спринтер» рақамҳои қайди давлатиаш 9538ТТ01, хатсайри №45 аз мақомоти милитсия хостааст, ки нисбат ба пулчинак (кондуктор)и ин воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда, зимни қарор доштанаш дар истгоҳи охирини хастайри №45 пулчинак нисбат ба ӯ дағалона рафтор намуда, ӯро дар назди дигар ронандагону шаҳрвандон мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода, шаъну шарафашро дар назди ҷомеа паст задааст. РВКД Душанбе гуфт, “дар доираи санҷиш муайян карда шуд, ки пулчинаки автомашинаи мазкур шаҳрванд Имомқулов Маҳмарасул Қурбонович санаи таваллудаш 16.04.1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён буда, амали содирнамудаашонро тасдиқ ва аз кирдори зиддиҳуқуии содирнамудааш изҳори пушаймонӣ намуд.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button