ТОҶИКИСТОН

ШАХСИЯТИ ДУХТАРЕ, КИ ХУДРО БА ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАРТОФТ, МУАЙЯН КАРДА ШУД (ВИДЕО)

Pressa.tj бо такя ба маълумоти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки мақомот шахсияти духтареро, ки субҳи 23 ноябр худро аз болои пули “Текстил” ба дарё партофт, муайян кардаанд. “Дар натиҷаи тафтишот маълум карда шуд, ки ҷавондухтаре, ки қасди худкушӣ кард, 17 сол дошта, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад ва бемории рӯҳӣ дорад. Гуфта мешавад, ки бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст. Айни ҳол вазъи саломатии духтар хуб арзёбӣ гардида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба Беморхонаи Қарияи Боло дастрас гардида ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, — хабар додааст нашрия.Сомонаи Рressa.tj рӯзи 23 ноябр бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки соати 10:15 як духтар худро аз болои пули байни чопхонаи “Шарқи Озод” (ГЖК) ва корхонаи нассоҷӣ (маъруф ба пули Текстил) ба дарёи Душанбе партофт, вале Сафаралӣ Ғоибов ном сокини пойтахт, ки хонааш дар наздикии тарабхонаи “Форель” ҷойгир шудааст, худро ба дарё андохта, тавонистааст, ки ин духтарро зинда берун биорад ва аз худкушӣ наҷот диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button