ТОҶИКИСТОН

Салимпул ғуломи наҳзат

Салимпул ғуломи наҳзат Таҳлили маводҳои сомонаи «бомдод.ком» аз он шаҳодат медиҳад, ки Салимпули чоплус мудом дар ин сомонааш матлабҳои дурӯғину бофта ба муқобили давлату ҳукумати кишвар ба нашр мерасонад, ки аз тарафи шаҳрвандон Салимпули беномусро дар шабакаҳои интернетӣ зери тозиёнаи танқиду таҳқир қарор гирифтаанд. Дар ҳақиқат Салимпул бо амри Кабирию дигар наҳзатиҳои хунхор маводҳои дурӯғину туҳматангезро бар зидди давлату миллати тоҷик таҳия ва расонаӣ мекунад. Ин разил фикр мекунанд, ки бо ин маълумотҳои пучу бемантиқ, бофтаю сохта мардум ба ӯву Кабирӣ бовар карда тарафдориашон мекунанд. Лекин мардуми сарбаланду бомаърифати мо ҳаргиз ба ин хоинони миллату давлат дар симои Салимпулу Кабирӣ ва дигар наҳзатиҳои хунхор бовар намекунанд. Чунки аллакай дарк кардаанд, ки ин боз ҳамон бозиҳои навбатии сиёсии ҳароми наҳзатиҳои террористу тоҷиккӯш мебошад. Мардуми азияткашидаи мо он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта, ки ин наҳзатиҳои хунхор барои соҳиб шудан ба мансабу молу мулк тоҷиконро ба маҳалҳо, минтақаҳо тақсим карданд, бародарро бо бародар ҷанг андохтанд, хуни садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро резонданд, дороии давлатро ғасбу ғорат карданд, зиёиёнро ба қатл расониданд, фаромӯш накардаанд. Баъдан «хоҷагони хориҷӣ» дарк кардаанд, ки Салимпул пулпарасту мансабпараст мебошад барои манфиатҳои шахсии худ ватану авлоду аҷдодашро мефурӯшад, аз ин рӯ ба ивази 10-20 евро ин аблаҳ тамоми хоҳиши онҳоро иҷро менамояд. Салимпул ғуломи «ҳалқабаргӯш»-и «хоҷагони хориҷӣ» ва наҳзатиҳои террорист гашта дар сомонаи «кампир.ком»-аш матлабу изҳоротҳои дурӯғу туҳматангезро ба муқобили давлату миллати тоҷик таҳия мекунад. Ин душманони миллат тарафдори оромии кишвари мо нестанд, онҳо танҳо дар фикри амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон бо дасти чунин хоин ба мисли Салимпул ҳастанд. Маблағҳои хоҷагони хориҷӣ ӯро чунон кӯр кардааст, ки дигар ягон пешрафти мамлакати азизамонро намебинад, танҳо камбудию норасогӣ кофта менависад то ки дар назди хоҷагони хориҷиаш болонишин шавад. Ба Салимпул миллати тоҷик бегонааст, сулҳу оромӣ, ободии диёр барои ин ватанфурӯш зарае қимат надорад. Аммо ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик сулҳу суботро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд ва Салимпулу дигар разилони наҳзатӣ ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Ҷ.Ҷам

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button