Коронавирус

ПУТИН ТАБИБИ ТОҶИК СУРАЙЁ АБДУЛЛОЕВАРО БО ОРДЕНИ ПИРОГОВ САРФАРОЗ ГАРДОНД

Президенти Русия Владимир Путин 60 табиби аз минтақаҳои гуногуни кишвараш, аз ҷумла 9 табиб аз вилояти Маскавро барои нақши бузургашон дар мубориҳа бо коронавирус бо орденҳои Пирогов ва медалҳои Лука Кримский сарфароз гардонд. Путин ба ин табибон “барои фидокорие, ки дар иҷрои қарзи касбӣ намоиш доданд” изҳори сипос кард.Дар байни 3 табиб аз вилояти Маскав, ки сазовори ордени Пирогов шуданд, якеаш табиби зодаи Тоҷикистон Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна аст.“Холаи азизи мо Сурайё, МО БО ШУМО ИФТИХОР МЕКУНЕМ!” — навиштааст дар гуруҳи фейсбукии “Pamir News” ҷияни Абдуллоева Наҷиб Исломбеков. “Мехоҳам таъкид кунам, ки ин яке аз ҷоизаҳои олӣ дар арсаи тибби Русия аст! Бигзор саффи чунин ҳамватанҳои зану марди шоистаи мо, дар куҷое ки кор накунанд, боз ҳам биафзояду биафзояд!” – афзудааст ӯ.Сурайё Абдуллоева зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1986 риштаи педиатрияи Донишкадаи тибби Тоҷикистон ва соли 1987 ординатураи ҳамин ришта дар ҳамин донишкада хатм кардааст. Ӯ 35 сол таҷрибаи кори табибӣ дорад. Сурайё Абдуллоева мисли садҳо табиби дигари тоҷик ба Русия кӯчида, ҳоло дар бемористони марказии ноҳияи Шатураи вилояти Маскав ба ҳайси табиби кӯдакон (педиатр) кор мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button