Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

МОҶАРОИ СИЁСӢ: СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ХАРИТАЕ, КИ ДАР ОН ВОРУХ БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ АСТ

МОҶАРОИ СИЁСӢ: СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ХАРИТАЕ, КИ ДАР ОН ВОРУХ БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ АСТ Дар Қирғизистон истифодаи як харитаи ҷуғрофӣ, ки дар он ҷамоати Ворухи Тоҷикистон на ба шакли анклав (ҷазирақаламрав), балки бо қаламрави ин кишвари ҳамсоя пайваст тасвир шудааст, ба як моҷарои сиёсӣ печид. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи 20 ноябр дар як чорабинӣ ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура дар толори “Энесой” дар қароргоҳи «Ало-Арча» дар пасманзари ин харитаи ҷанҷолӣ суханронӣ кардааст. Видеои ин чорабинӣ дар Ютуб нашр шуд ва бархе корбарони бодиққати қирғиз аҳамият доданл, ки дар харитаи электроние, ки ҳангоми суханронии Ҷабборов дар девори саҳна овехта шуда буд, ҷамоати Ворух, ки дар даруни қаламрави Қирғизистон дармондааст, дар ин харита бо қаламрави боқимондаи Тоҷикистон пайваст карда шудааст.Баъди онки ин харита баҳсҳои гармро ба вуҷуд овард, видеои ҷанҷолбарангезро аз Ютуб кӯр карданд ва шоми 20 ноябр Прокуратураи генералии Қирғизистон маҷбур шуд, ки масъаларо шарҳ диҳад. Дар ин идора гуфтанд, ки баннерро барои чорабинии бахшида ба Рӯзи кормандони прокуратура ба як ширкати хусусӣ фармоиш дода буданд. “Нафарони масъули масъалаҳои ташкилиро барои хунукназарӣ ҷазо хоҳанд дод”, — ваъда додаанд дар ин идора.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button