Афғонистон

КИШВАРИ АРӮСҲОИ ХУРДСОЛ: ДАР АФҒОНИСТОН ДУХТАРОНИ 7-8-СОЛАРО БО НАРХИ ЯК МОШИНИ КӮҲНА МЕФУРӮШАНД…

Бунёди кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ мегӯяд, дар чунин шароит волидайни афғон ҳарчӣ бештар “захираи стратегӣ”-и оилаҳояшон: духтарони худро истифода мекунанд. Амалан онҳо ба хотири пардозти қарзҳои худ ва наҷоти фарзандони дигарашон аз чанги гуруснагӣ духтарони худро ба фурӯш мегузоранд. Ҳомиёни ҳуқуқи зан дар Афғонистон пешбинӣ мекунанд, ки дар як ило ду соли оянда алакай ниси духтарони афғонро маҷбуран то расидан ба синни 18 ба шавҳар хоҳанд дод.Блокнот.Ру менависад, “нарх”-и миёнаи арӯсони синнашон аз 13 то 15-сола ҳудуди 1500 доллар аст. Чунин пулро ба волидони ин арӯсони хурдсол ё ҷангиён метавонанд бидиҳанд ваё мардони баркамоли ба синн аз ҳамсарони ояндаи худ чандин маротиба калонсолтар. Дар деҳоти Афғонистон арӯсони хурдсолро бо нархи боз ҳам арзонтар – то 500 доллар мефурӯшанд. Никоҳ бо духтарони хурдсол дар Афғонистон то омадани Толибон ҳам роиҷ буд. Вале ҳоло синни “арӯсон” ба ҳиддат пойин меравад ва алакай мавридҳои дар зери синни 10 ба шавҳар додани духтарон торафт меафзояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button