Хабарҳои кӯтоҳ

Кӣ аз нооромии Хоруғ манфиатдор аст?

Чандест, ки «дастгоҳи иттилоотӣ» – и бо ном «мухолифон», хусусан сардабири сомонаи «Бомдод.ком» Мирзои Салимпур, ки хоине беш нест, мехоҳад вазъи шаҳри Хоруғро ба «баҳсу баррасӣ» нишон бидиҳад. Аз ҳар гуна муноқишаҳои ноҷиз вазъияти амниятии шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро ноорому вахим ё ҳадди ақал эҳтимоли сар задани нооромиро дар он инъикос намояд. Аз рӯзи таъини Алишер Мирзонаботов ба ҳайси раиси ин вилоят то имрӯз сомонаю шабакаҳои марбут ба “мухолифин”-и кишвар аз сар задани нооромиҳо дар Хоруғ фолбинӣ ва хобгузаронӣ доранд. Мардуми шаҳри Хоруғ ва ҳатто тамоми сокинони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро аз ҳукумати марказӣ нороз ҷилва медиҳанд. Гӯё ин мардум ба вазифаи Раиси вилоят таъин шудани Мирзонаботов Алишерро намехостаанд. Ин афсонаҳои душмантароширо палидони наҳзатӣ ва сомонаҳои ғаразноки онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн доранд. Бо овардани такрор ба такрори иборае чун “лидерони ғайрирасмии мардуми Бадахшон” мехоҳанд ин маъниро рӯи кор созанд, ки мардуми Бадахшон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таваҷҷӯҳ надоранд ва аз ин “лидерон” – и худ пайравӣ менамоянд. Ин равандро чунон обу тоб дода, рангу бор менамоянд, ки гӯё дар он минтақа татбиқи ҳокиият ва волоияти қонун умуман дида намешуда бошад. Саволе ба миён меояд, ки оё аз ин ҳама дурӯғпароканию иғвоангезӣ дар мавриди зиндагии мардуми Бадахшон кӣ манфиатдор аст? Бо қонуншиканӣ намоиш додани мардуми Хоруғ мушкили кӣ ҳал мегардад? Кӣ ба чӣ мақсад ноил мегардад? Ҳеҷ! Танҳо мухолифин ва хоинони миллат мехоҳанд ваъзро дар гушаву канори кишвар ноором намуда, ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ намоянд. Таъмини қонуният ва волоияти он, риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани ҳама гуна қонуншикнӣ, аз қабили қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, молу коло ва сангҳои қимматбаҳо, ки сарвати умумимиллӣ маҳсуб меёбанд, дар авлавияти кори тамоми мақомоти дахлдори кишвар қарор гирифтаанд. Хулоса, муаллифи иғвогар дар матлаби худ кӯшиш намудааст, ки шаҳри орому осудаи Хоруғро ба майдони даргириҳо ва мунокишаи гурӯҳҳои бо ном “Лидерони ғайрирасмӣ” кашида, мардуми сарлабанди ин диёрро бошад ба ин муноқишаҳо ҳамроҳ намоянд. Рустамов СУҲРОБ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button