Видео

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР ДАР 3 САДАМА ДАР ДАНҒАРА, ШАҲРИНАВ ВА РАШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар се садамаи ду рӯзи охир дар роҳҳои ин кишвар 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки соли таваллудаш 2012 ба ҳалокат расида, дастикам 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Бино ба иттилои ВКД, шаби 18 ноябр, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Гулов Алӣ Гургакович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба Шукуров Нуриддин Амонович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ тааллуқ дошта, дар канори рости роҳ дар ҳолати ист қарор дошт, бархӯрдааст.Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи «Опел-Астра», Назирматова Салима Ашӯралиевна, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Гулов А.Г. ва мусофиронаш Қодирова Шамъигул Амоновна, соли таваллудаш 1970, ноболиғ Назирмадов Муслиҳиддин Фирӯзович, соли таваллудаш 2007, сокинони ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button