Афғонистон

Шартҳои “Толибон” барои либоси занон: “либоси нозук напӯшед ва барҷастагиҳоятонро намудор накунед”

Шартҳои “Толибон” барои либоси занон: “либоси нозук напӯшед ва барҷастагиҳоятонро намудор накунед”

Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти “Толибон” дастури наве барои занони Афғонистон содир кардааст, ки чӣ гуна метавонанд либос бипӯшанду чӣ гуна либос пӯшидан мумкин нест.

Ба иттилои шабакаи “Тулуънеюс” ин вазорат гуфтааст, ки занони мусалмон ҳақ доранд аз зоҳири ороста баҳраманд шаванд, аммо ҳақ надоранд худнамоӣ кунанд.

Ин ниҳоди толибон, дар дастуре, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр барои хутбаҳои намози ҷумъа содир кардааст, гуфтааст, ки ҳеч зане ҳақ надорад дар пеши мардон худнамоӣ кунад.

“Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад”,-омадааст дар ин дастур.

Ин вазорат пӯшонидани сурати занонро фарз хонда ва гуфтааст, ки риояти ҳиҷоб аз зоеъ шудани неруи фикрӣ ва кории ҷавонон ба унвони  сутунфуқароти ҷомеа (қишри муҳими ҷомеа) ҷилавгирӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button