ТОҶИКИСТОН

РОНАНДАИ АВТОБУСРО БАРОИ ДАҒАЛӢ АЗ КОР РОНДАНД

РОНАНДАИ АВТОБУСРО БАРОИ ДАҒАЛӢ АЗ КОР РОНДАНД Шоми 18 ноябр як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе тавассути Фейсбук аз мақомот хост, нисбати ронандаи автобуси рақамаш 8705ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолияти мусофир мекашонд, чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои ӯ, ронандаи автобус бар хилофи талабот, барои бо пули нақд насупоридани маблағи роҳкиро ва истифодаи корти нақлиётӣ аз ҷониби як духтари ноболиғ ба ғазаб омада, бар хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст. Маркази матбуоти РВКД Душанбе дар шарҳи ин ҳодиса навишт: “Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назаров Бахтиёр Алишерович санаи таваллудаш 11.11.1977, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Махсумов-125, ронандаи ККВД «Авбобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.” Вобаста ба ин ҳодиса нисбат ба Назаров Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб доданд ва додгоҳ ӯро ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,баробар ба 420-сомонӣ ҷарима бастааст. Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, илова бар ин, Назаров барои ин кирдори содирнамудааш шурӯъ аз 19 ноябр аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button