Минтақа ва Ҷаҳон

Ҷабборов вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистонро обод мекунад: «99 дарсади қалби ман Ботканд аст»

Президенти Қирғизистон гуфт, дар тӯли 30 сол Бодканд рушд накард ва заминҳои он фурӯхта шуд ва ҳамакнун ҳукумат ин заминҳоро бармегардонад Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни посух додан ба суоли рӯзноманигор ба мардуми Бодканд муроҷиат кард. Ин мусоҳиба дар хадамоти матбуотии ӯ нашр шудааст.Аз кишвардор пурсида шуд, ки чаро дар Девони вазирон намояндагни Бодканд касе нест. Рӯзноманигор ҳамчунин гила кард, ки миёни вакилони Жогорку Кенеш низ зодагони ин минтақа нестанд.Президенти Қирғизистон гуфт, дар тӯли 30 сол Бодканд рушд накард ва заминҳои он фурӯхта шуд.

«Агар вазир аз Бодканд бошад, оё минтақаро пешрафта мекунад? Фарз кардем дар давоми 30 сол 30 вазир ва 30 вакил буданд, оё вилоят пешрафт кард? Баръакс ҳамаи заминҳо фурӯхта шуданд ва минтақа ақиб монд. Ҳоло мо талош дорем, заминҳоро баргардонем», — гуфт Ҷабборов.Ӯ қайд кард, ки замони интихобот ба ҷавобгарӣ кашидани «хиёнаткорон» мумкин нест, вале баъди он албатта тафтишот мешавад ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Ба гуфти ӯ барои чунин ҷиноёт муҳтаки гузашта набояд бошад.

Президент ҳамчунин ба мардуми Ботканд муроҷиат кард.

«Бодкандиён ғамгин нашавед, ки вакилу вазир аз миёни шумо кам аст. Ман вакил, вазир ва президенти шумо ҳастам, 99 дарсади қалби ман Бодканд аст. Қирғизистон аз Бодканд сар мешавад», — изҳор дошт президент.Сарвари давлат таъкид кард, ки имрӯз мақомот амният, рушди некӯаҳволии шаҳрвандон ва иқтисоди кишварро дар мадди аввал мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button