Дин ва боварҳо

Тоҷикистон ба интиқоди Амрико дар бораи нақзи озодиҳои динӣ вокуниш кард

Дар Тоҷикистон бар он назаранд, ки гузориши ИМА оид ба нақзи озодиҳои динӣ мунсифона нест Кумитаи дини Тоҷикистон ба гузориши вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои динӣ қарор дод, вокуниш кард»Мо борҳо дар мавриди чунин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем: ин гунна баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест», — гуфтааст Кумитаи дини Тоҷикистон.Ба таъкиди ин нищод, барои рафъи чунин сӯитафоҳум гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то бо ҳузури онҳо ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ дода шавад.Рӯзи гузашта, 18 ноябр, Энтони Блинкен,, котиби давлатии Амрико зимни муаррифии гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи озодиҳои динӣ аз 10 кишвари “поймолкунандаи ҳуқуқи динӣ” ном бурд.Ба гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико, яке аз онҳо Тоҷикистон ва бақия Туркманистон, Чин, Эрон, Кореяи шимолӣ, Мянма, Русия, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эритрея мебошанд.Инчунин ИМА Алҷазоир, Ҷазираҳои Комор, Куба, Никарагуа ва илова бар ин толибону ДОИШ*-ро ба ин рӯйхат ворид кардааст.

Дар изҳороти котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ягон мисоли мушаххас, истинод ба гузоришҳо ё ягон пойгоҳи дигари далелҳо оварда нашудааст.Бори аввал нест, ки Департаменти давлатии Амрико мақомоти тоҷикро барои нақзи озодиҳои динӣ танқид мекунад.Аммо мақомоти кишвар дар гузашта низ гуфта буданд, ки ба интиқодҳои Департаменти давлатии Амрико розӣ шуда наметавонанд, зеро муаллифони гузориш ба маълумоти расонаҳо такя кардаанд, ки «на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд».Ёдовар мешавем, бар асоси хулосаҳои дар гузориш овардашуда, котиби давлатии ИМА метавонад тавсия диҳад, ки баъзе кишварҳо ва созмонҳоро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда, баъдан онҳоро таҳрим кунанд.* — Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button