Сиёсат

Муроҷиат модари тоҷик ба М Садриддин бо тахалуси қалоб (Видео)

Сухани модари точик бар зидди М Садриддин хар як марди ватандустро ба хаячон овард. Икболби чавононро ба содир кардани чиноят даьват намуда, худаш дар Фаронса пинхон шудааст. Икболби, ту медони ту ба ватан баргарди чи корат мекунанд. Тарс дори аз миллати точик.

М. Садриддин ва симои воқеии ӯ! Вақте як хоин ва беимони хаёлпарвар ғайр аз машғулияти дӯстдоштаи тафриқаангезии худ аз “аҳамияти масоили муҳимтаре” мегӯяд, набояд фаромӯш намуд, ки барои чунин як дасисабоз ва миллатфурӯш ягон “масъалаи муҳим” вуҷуд надорад. Аз рафтори нангини чунин афроди сиёҳкору фолбин ва ҷодугаре мисли Муҳаммад Беиқболи Садриддин бармеояд, ки тамоми “масоили дохилӣ ва хориҷӣ”-и Тоҷикистон бо иттиҳомот ва таҳрифи воқеият барои бадхоҳон ва ҳассудон пураҳамият ҳастанд. Ҳоло Иқболи ифрот чӣ дар шакли кадом барномаи бо ном “Минбари муҳоҷир” ва матлаби куркуронааш дар “Ислоҳ.нет”дасисаашро миёни омма ҳавола сохтааст. Ин ҳолат аз он мегӯяд, ки чунин типпи шуми ҷомеа ҳамеша баҳонаеро “пешгуфтор” –и матлабҳои дурушт ва беадабона, ҳамзамон нокасонаи худ қарор медиҳад, то ин ки ҳадафҳои шум ва даҳшатбори худро, ки зидди сулҳу суббот дар Тоҷикистон аст, амалӣ намоянд. М. Садриддин яке аз махлуқоне ҳаст, ки зеҳният ва руҳияи хабисаш ӯро аз “шайтони рондашуда” фарқ намекунонад. Ин хоини ҳақир аз шиддати ҳасодати дар ҳоли фузуни душманони миллати тоҷик чунон истифода мешавад, ки агар рифола мебуд, (аз хонандагони некбин маъзарат мехоҳам) ба резинаи нокоромад мубаддал шуда буд. Дақиқан дар ҳамин шакл Муҳаммадиқболи Садриддин бар зидди миллат ва Ватану давлати худ мавриди “истифодаи васеъ” қарор гирифтааст. Як нуқтаро ҷиҳати шинохти шахсияти пасти ин манқурт меорам, ки аз оқипадар будани ин касиф мегӯяд. Падари Муҳаммадиқбол дар давоми умри худ аз шайтонсифатии писараш норозӣ буд. Ин писари хоинпеша ҳатто аз дуои неки падари худ маҳрум аст. Муҳаммадиқболи нокас ва душвортарбия, ки аз насиҳатҳои ибратомӯзи падар дур монда буд ва ҳатто тоқати гуш карданро надошт, ҳоло ба “насиҳат” ва “тарбияи” миллат пардохтааст. Гузашта аз ин, худро “ҳомӣ”-и мардум ва ҳуқуқ унвон карда, вонамуд месозад, ки дар рӯзи хубу бади ҷомеа “шарик” асту “ғамхор”. Ҷинояткоре, ки дасташ пур аз оғуштаи хуни афроди бегуноҳ ва ҳамватани худ аст, ҳукми ноадолатона ва бемантиқу пойдарҳавое нисбат ба шаҳрвандон ва аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистон мебарорад. Гӯё сафедро аз сиёҳ ҷудо намуда, адолатро ҷорӣ менамояд. Симои воқеии ӯ ва исботи гуфтаҳои болоро метавон бо мутолиа кардани матлаби навбатиаш таҳти номи “Сӯйи қасд ва куштори Рустамзода Абдухалил тавассути мақомоти раддаи аввали Суғд ва Мастчоҳ” муайян ва ошкор намуд. Номбурда садамаи нақлиётии нобаҳангоми рӯзи 11-уми майи соли 2020, тахминан соати 22:10-дақиқаро, ки ронандаи аавтомашинаи тамғаи «Тайота CAMRY», Рустамзода Абдухалил, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Хуҷанд-, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада буд ва ба симчӯб ва дарахти канори роҳ бархӯрда ба ҳалокат расида буд, тарҳрезишуда эълон карда, сӯйи қасде аз ҷониби Раиси вилояти Суғд номидааст. Акнун хулоса дар дасти ҳар як инсони солимфикр аст, ки чӣ гуна ин “шахсияти” зери номи Муҳаммадиқболи Садриддин метавонад мушкилоти миллатро бароварда сохта, эҳтиёҷоти зиндагии моро фароҳам оварад. Зеро ӯ даст ба домони миллат ва давлати Тоҷикистон буда, ҳаррӯза дар пайи интишор додани сенарияҳои бофтаву беасос мешавад. Мақсади ниҳоии ӯ коштани тухми кина ва бадбинӣ миёни давлат ва ҷомеа ва паст кардани эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.Аслан, чунин афроди бесаводу хаёлпараст ва дур аз тарбиямонда дар кутоҳтарин муддат фирефтаи доми қувваҳои берунаи манфиатдор мегарданд. Аниқтараш кайҳо боз М. Садриддин ба доми фиреби қувваҳои беруна афтидаасту аз ҷониби онҳо бо ваъдаҳои дурӯғин мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Ҳоло ба умқи масъала нигаред, ки М. Садриддин на мавқеъ дар ҷомеа дораду на мақсаду маром. Гоҳе дида мешавад аз “ғамхорӣ”-и мардум мегӯяд ва гоҳе аз касе норозӣ асту каси дигареро мавриди интиқод қарор медиҳад. Аслан, симои воқеии ӯ аз даъвати мардум барои эътироз ва нооромиҳо ошкор мегардад. Ин палиде, ки худро “мудофеи” мардуми Тоҷикистон метарошад ва ҳарф аз номусу иффат мезанад дар аҷабам, ки номуси дигаронро мавриди дашномҳои номардона қарор медиҳад. Агар дар талоши ҳифзи номуси худ ҳаст, хуб бошад ва касе ба номуси ӯ кордор нест. Вале палидии ин наҳзатии бешараф дар он аст, ки номуси дигаронро дахолат мекунад. Иқболи разил дар матолиби ноҷавонмардона ва занонаву тарсӯёнаи худ ба ғайр аз миллат ва давлат ба домони поки инсонҳои бегуноҳ дахолат кардааст, ки боиси рехтани обрӯ ва шаъну шарафи онҳо мегардад. Фирдавс Каримов

https://www.facebook.com/mix.voolf/videos/638997137128766

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button