Хабарҳои кӯтоҳ

КӢ КИРО “КИДАТЬ” КАРД? АБДУРОЗИҚ АЗ БАРОН ҶУДО ШУД (2 ВИДЕО)

Барон (Беҳрӯзи Шариф), рэпсарои шинохта ва раҳбари канали “Авлод Медиа” шаби 17 ноябр бо нашри як видеои 43-дақиқагӣ эълон кард, ки “аз ҳамин рӯз иборатан Абдурозиқ дигар бо мо нест, ӯ ба бародарони тоҷикаш хиёнат кард.” Барон гуфт, Абдурозиқ ва падараш ба ваъдаҳои осмонии арабҳо, аз ҷумла Ясмин ном зане фирефта шудаанд, ки гуфтаанд, барои Абдурозиқ дар Дубай хона мехаранд.Абдурозиқ ба ин паёми тӯлонии видеоии Барон бо як паёми кӯтоҳ ҷавоб дод ва дар он Барон ва “Авлод Медиа”-ро ба тахаллуф дар муомилоти пулӣ гунаҳкор кард. “Канӣ планшети ман, канӣ ноутбук? Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбик? Ман 100% гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон! Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомониро дар корти акаи Шуҳрат гузаронданд. Кани он пулҳо? Ман ҳамин қадар сол чизе нагуфтам, бадӣ накардам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад!” – гуфт Абдурозиқ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button