Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Додситонӣ аз анҷоми таҳқиқи «парвандаи Мадина» хабар дод

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи гумонбарони шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол мешавад.

Мирзоамон Рафизода, муовини Додситони кулли Тоҷикистон пас аз анҷоми як нишаст дар порлумон ба хабарнигорон гуфт, ин қазия ҳамаҷониба баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тафтиши парванда тақрибан тамом шудааст ва рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба додгоҳ супурда хоҳад шуд. Ҷузъиёти парванда ҳанӯз маълум нест.

Муҳаммадҷоноваи 32-сола, ки дар як муноқишаи оилавӣ сахт латукуб шуд, наздики се моҳ боз беҳушу беёд бистарӣ аст. Беэътиноӣ ба парвандаи ӯ дар ҷомеа сару садои зиёде барангехт.

Танҳо баъд аз баҳс ва муроҷиати фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомот ба қазияи зоҳиран қасосгирии ҳамсар аз маъшуқаи шавҳар таваҷҷуҳ карданд. Додситонӣ рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки дар ин робита ду гумонбар – ҳамсарон Азизаву Парвиз Давлатовҳоро боздошт намуд.

Азиза Давлатоваро бар асоси “сӯиқасд ба куштор” ва ҳамсарашро аз рӯи моддаи “азобу уқубат”-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашиданд. Мояи асосии хашму норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин шуд, ки муфаттишон даҳ рӯз баъди фоҷеа ба наздикони Муҳаммадҷонова гуфтаанд, гумонбари асосӣ, Азиза Давлатова, “афв шудааст” ва ин қазия таҳқиқ нахоҳад шуд.

Ба дунбол, Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аз мақомашон барканор шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button