Фарҳанг

Абдурозиқ барои пул аз бародари бузургаш Барон ҷудо шуд (Видео)?

Барон ва Абдурзиқ- ин ду тан тавонистанд тамоми шабакаҳои иҷтимоиро ба по хезонанд. Ду-се сол қабл маҳз Барон дар симои ҷавони резаҷуссаи зарафшонӣ Абдурозиқ истеъдоди бузургеро пай бурда,шахсан худаш ба Панҷакенти бостонӣ сафар карда буд ва бо розигии волидонаш Абдурозиқро ба пойтахт оварда, бо мардуми ҳунарпарвари тоҷик ошно намуд. Бо кӯмак ва дастгирии Барон Абдурозиқ тез-тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, дар як муддати кӯтоҳ чунон машҳур гашт, ки ҳатто ҳунармандони касбӣ чунин шӯҳрату маҳбубиятро фақат орзу карда метавонанд. Абдурозиқи резаҷусса, ки ҷавони баркамоли 18-сола бошад ҳам, чеҳра ва қаду қоматаш ба кӯдаки тахминан 4-5сола монанд аст, бо шарофати истеъдоди худ ва бо кӯмаку дастгирии продюссераш Барон қуллаҳои баландро фатҳ намуда, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари ҷаҳон машҳур гашт. Чанде пеш дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари соҳиби “Визаи тиллоӣ” гаштани ин ҳунарманди резаҷуссаи тоҷик паҳн гашта буд. Бо шарофати ин виза Абдурозиқ метавонад муддати 10- сол дар яке аз зебтарин шаҳрҳои ҷаҳон-Дубай, ки маркази фарҳанг ва тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, озодона зиндагӣ карда, бо фаълияти эҷодӣ машғул шавад, аммо… Пас аз “Визаи тиллоӣ” гирифтани ӯ дар байни мардум миш-миш пайдо шуд, ки Абдурозиқ баъди машҳур шуданаш аз Барон рӯй гардонида, ҳамкориро бо прдюссераш ба пуррагӣ қатъ намудааст. Барои як хона харидан ба Абдурозиқ дусти тамом шуд бо бародари бузургаш ба қавли худаш..

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button