ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Раиси Кӯлоб ва раиси Мастчоҳ дигар шуд

Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дигар шудаанд.

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи 17-уми ноябр Бахтиёр Назарзода, раиси Идораи молияи Хатлон ба ҷойи Қодир Вализода раиси шаҳри Кӯлоб таъин шудааст.

Ба Қодир Вализода, ки дар гузашта дар вазифаҳои раиси ноҳияи Ховалинг, Ҳамадонӣ ва шаҳри Турсунзода кор карда буд, мансаби дигар дода шудааст, ё не, маълум нест. Ӯ соли 2020 ба ҷойи Баҳром Иноятзода раиси ин шаҳр таъин шуда буд. Баҳром Иноятзода боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба ҷойи Тоҳир Азиззода, раиси собиқи ноҳияи Мастчоҳ, ки моҳи сентябр аз бемории КОВИД-19 даргузашат буд, Ализода Аъзам, раиси ин ноҳия таъин шудааст. Ализода Аъзам, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд буд.

Ҳанӯз хабари таъини раисони нав дар сомонаи президенти Тоҷикистон нашр нашудааст, вале манобеи радиои Озодӣ гуфтанд, ки аллакай онҳо ба кори худ оғоз кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button