Варзиш

Футболбозони Урдун ба AFC дархост фиристоданд, то ҷинси дарвозабони зани эрониро тафтиш кунад (Видео).

Рӯзи 25-уми сентябр дар Тошканд бозии мунтахаби Урдун ва Эрон дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё байни занон баргузор шуд. Дар он эрониҳо аз пеналтӣ (0:0, 4:2) пирӯз шуданд. Ба дунболи ин нишаст, Ассотсиатсияи футболи Урдун ба Конфедератсиюни футболи Осиё муроҷиатнома ирсол карда, хостори таҳқиқи ҷинсии дарвозабони рақиб Зӯҳро Худой, ки гумонбар ба мард буд, шуд. Раиси Ассотсиятсаи футболи Урдун Алӣ бин ал Ҳусейн аз шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кард, ки таҳқиқи қазияро иникос кунанд. Ҳама аъзои тими миллии занони Эрон аз ташхиси гормон ва тестостерон мегузаранд. Дар солҳои 2010 ва 2015 низ ходисахои мушобеҳ ба ин дар Форс гузориш шуда буд. Манбаъ: Championat.asia

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button