Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ
Барқи 4,6 ҳазор сокинонро хомуш мекунад

Ширкати «Северэлектро»-и Қирғизистон ҳушдор дод, ки аз 16-уми ноябри соли равон интиқоли нерӯи барқро ба 4600 муштарии қарздор дар шаҳри Бишкек қатъ мекунад.
«Ҳаҷми умумии қарзи ин муштариён аз пули барқ 12,1 миллион сомро ташкил медиҳад», — изҳор дошт сухангӯи ширкат Мээрим Юсупова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Ин дувумин ҳушдори ширкати «Северэлектро» дар моҳи ноябр аст. Он ибтидои моҳи равон барқи 6 ҳазор муштариро хомуш карда буд.
Қирғизистон зимистони имсоларо бо буҳрони энержӣ пешвоз мегирад.