МУҲОҶИРОН

ПИСАРИ КАРОМАТ ШАРИПОВ БО АМРИ КОНСУЛИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ КУМАКИ 18 МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА АРХАНГЕЛСК РАФТААСТ (ВИДЕО)

Шаҳоб Шарипов, писари ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик равоншод Каромат Шарипов, рӯзи 14 ноябр барои кумак ба 18 муҳоҷири тоҷик ба Архангелск рафта, бо онҳо вохӯрдааст.Дар навори наве, ки ин муҳоҷирон ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” фиристоданд, ин муҳоҷирон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев ва Хоҷамастон), ки дар канори Шаҳоб Шарипов истодаанд, мегӯянд, Собир ва Далер Шарипов аз шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, ки онҳоро фиреб дода, барои кор оварданд ва пулашонро надоданд, бар хилофи ваъдаашон соати 12 ба мулоқот ё “разбор” наомаданд. Қарор буд, ки ин корфармоён дар ҳузури Шаҳоб Шарипов бо он 18 муҳоҷир ҳисобу китоб кунанд ва маълум шавад, ки кӣ аз кӣ қарздор аст? Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо аз бепулӣ маҷбур шудаанд, ки аз қуттиҳои партов барои худ хӯрокӣ ва либосу пойафзол биҷӯянд. “Ҳоли моро ҳама медид дар инҷо. Ва вақте 25 рӯзи охир касе моро суроғ накарду мо се рӯз ягон чиз барои хӯрдан наёфтем, гурехтем аз онҷо”, нақл кард дар видео яке аз муҳоҷирон.Шаҳоб Шарипов ба онҳо гуфт, ин қазияро ҳатман сафорати Тоҷикистон таҳти назорати худ мегиред. “Аз ин натарсед, гапатонро гӯед ба намояндагони сафорат, ҳаққатонро талаб кунед. Ҳақ ба ҷониби шумост”, машварат дод писари Каромат Шарипов ба муҳоҷирон.Як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик, иборат аз 18 нафар як рӯз қабл бо ирсоли як видео ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” шикоят карданд, ки онҳоро ҳанӯз рӯзи 3 июл бо ваъдаи 40 ҳазор рубл маош аз Тоҷикистон ба Русия, ба шаҳри Архангелск овардаанд ва онҳо 4 моҳ дар як сохтмони марбут ба ширкати “ПрогрессСтрой” дар кӯчаи Полина Осипенко, бинои №6 бепул кор карданд. Дар 4 моҳ ба 18 муҳоҷири тоҷик ҳамагӣ 120 ҳазор рубл додаанд ва ахиран гуфтаанд, ки онҳо то ҳол 1 миллиону 912 ҳазор рубл қарздоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button