ИқтисодКоррупсия

ДАР ҚУБОДИЁН КАПИТАНИ МИЛИСА ВА ШАРИКАШ 154 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 15 ноябр хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии капитани милится Матлуба Зиёдализода ва шарики ӯ шаҳрванд Абдукарим Абдуллоевро анҷом дода, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ин парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Зиёдализода Матлюба ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 13 ҳазору 600 доллар) гирифта, ин маблағро тасарруф намуда ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.”Капитан Матлуба Зиёдализода ва шарикаш шаҳрванд Абдукарим Абдуллоев бар асоси банди “б”, қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ, ё каме бештар аз 5 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button