УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

Муроҷиати генерал Саидшо Шамолов бар зидди вазифа фурӯши 30%-ҳо Абдусаттор Бобоев (Видео)

Баромади собиқ қумандони Фронти халқӣ генерал-майор Саидшо Шамолов бар зидди хоини миллат Абдусаттор

ҲУШДОР БА ХИРАСАРИ АБДУСАТТОРАхиран аз тарафи ташкилоти терористии наҳзатӣ як навори саропо дуруғу пур аз туҳмат дар бораи Раҳбарияти кишвар паҳн карда шуд, ки таҳиякунанда ва ровии он ҷинояткори гуреза Бобоев Абдусаттор будааст. Албатта баъд аз пахш шудани филми мустанади «Хиёнат» тамоми амалҳои нангину шармандавор ва ҷинояткориҳои террористони наҳзатӣ фош шуд ва акнун онҳо саросемавор ин навори аблаҳонаи дуруғинро сохтаанд, ки аз ҳақиқат комилан дур аст.Ба Бобоев Абдусаттори хирасар ёдрас мекунем, ки замони саршавии ҷанги дохилӣ қудрати сиёсӣ дар дасти дигарон буд. Сарвари давлат танҳо дар моҳи ноябри соли 1992 Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд ва баръакс оташи ҷангро фуру нишонда, сулҳу оромӣ оварданд.Аммо ҷанги дохилиро дар Тоҷикистон маҳз наҳзатиҳои террорист шуруъ карда буданд. Ин исбот шудааст, далелҳо ва наворҳои воқеӣ аз он давра мавҷуданд. Шоҳидони он воқеаҳои мудҳиш ҳануз ҳастанд. Барои ҳамин наҳзатиҳои ҷинояткор бояд ин гуна русиёҳию дуруғпароканӣ ва туҳматро қатъ карда, гуноҳи худро ба дигарон бор накунанд. Зеро тамоми ҷинояту хиёнатро онҳо содир кардаанд, ки ҷангу хунрезӣ, куштори одамони бегуноҳ, қали зиёиёни кишвар, табаддулот, террору ғоратгарӣ намунаи ҷиноятҳои наҳзатиҳо мебошад, ки ба хотири манфиати худ содир кардаанд. То ҳануз боқимондаҳои ин ташкилоти хунхор амалҳои нангини худро бар зидди Ватану миллат идома медиҳанд, ки ҳамин навори А.Бобоев намунаи чунин ҷиноятҳои онҳост.Имрӯз Сарвари давлат дар байни мардуми кишвар самимияту маҳбубияти зиёд доранд, зеро хизматҳои бузургу шоистаеро барои Тоҷикистон анҷом додаанд. Аз ҷумла: 1. Дар кишвар сулҳу оромии комил барқарор карда шуд.2. Тамоми гурезаҳои ҷанги дохилӣ аз Афғонистону дигар давлатҳо баргардонда шуданд.3. Дар байни аҳолӣ ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуд.4. Амнияти комил барқарор карда шуда, неруҳои зиддимиллӣ, аз ҷумла террористону ифротиён аз кишвар ронда шуданд.5. Сохторҳои давлатӣ ва дигар ниҳодҳо, аз ҷумла артиш ташкилу аз нав барпо карда шуданд.6. Кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, роҳҳо ва нақбҳою пулҳои муосир сохта шуданд. 7. Норасоии неруи барқ тавассути сохтани иншоотҳои зиёди энергетикӣ барҳам дода шуд.8. Орзуи миллати тоҷик – Неругоҳи барқию обии Роғун бунёд ёфт, ки марҳилаи нави тараққиёти саноатиро оғоз мебахшад.9. Амнияти озуқаворӣ таъмин карда шуд, соҳаи кишварзӣ дар ҳоли рушд аст.10. Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб гардид.Насим Шариф, муҳаққиқ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button