Нуқтаи назарХабарҳои кӯтоҳ

Боздошт гардидани ду нафар бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56 ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15:00, аз сабаби он, ки ба марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур дар се ҳолат маблағи 20 ҳазор сомониро бо фоиз то 1-уми ноябри соли 2021 дода будаанд ва номбурда маблағи гирифтаашро баргардонида натавонистааст, ӯро бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиашон даъват намудаанд.
Сипас, бо чӯбдаст ба аъзои баданаш зада бо истифодаи зӯроварӣ ба кафтархонаи манзили истиқоматиашон ворид намуда, ғайриқонунӣ муддати як соат нигоҳ дошта, ӯро аз озодӣ маҳрум сохтаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button