ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

Рафоати Чамшед тилло да таги хок намоёнай Шармандаги (Видео)

Барои чи ҳаргуна амалҳо анҷом медиҳед,дигаргуна менишинед,ин барои онаст,ки мардҳо ба шумо наздик шаванд.

Рафоати Ҷамшед-сароянда, раққоса ва актриссаи ҷавони тоҷик дар сӯҳбат бо Ютуб канали дар посух ба саволи “ҳар нағма барои чи мекунед ,то ки мардунро ба худ ҷалб созед?” чунин посух додааст:

-Сар то пои ман гуноҳ аст. Инро ҳама медонанд, (механдад) фақат аз Худо як хоҳиш дорам, ки бообрӯ аз дунё равам.

Ин гуфтаҳои Рафоати Ҷамшед дар шарҳи видео сару садоҳои гуногунро ба бор овардааст, ки сароянда бо ин ҳарфҳояш ба чӣ ишорат менамуд. Бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ Рафоатро ба сидқан тавба кардан талқин намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ин бонуи ҳунар оиладор шуд. Шавҳари Рафоати Ҷамшед дар синну сол аз худаш хеле бузург аст ва суханони зебосанам дар боби он ки мардҳои калонсол дар ишқу муҳаббат ва оиладорӣ аз ҷавонон беҳтаранд, дар байни ҷавонон норозигиро ба вуҷуд овардааст.
Ногуфта намонад, ки зиндагии Рафоати Ҷамшед чанд ҳафтаи охир ба мавзӯи баҳсу талош дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаддал гаштааст ва интиқодҳо нисбати ин хонуми ҳунарманд хеле зиёданд, аммо дар навори видеоӣ худи сароянда дар ҷавоб ба саволи блогери канали дар боби таваҷҷӯҳи мардум ба ӯ чунин посух додааст:

-Сабаби таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба банда ва миқдори зиёди тамошобинони ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин зебогии ман аст!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button