СиёсатХабарҳои кӯтоҳ

Ҳайкали Пешвои миллат бояд дар Кангуртут бошад

Бо гузоштани ҳайкали Пешвои миллат дар ин деҳаи хушманазара мо таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем…

Мақолаи Аълочии матбуоти Тоҷикистон Тоҷиддин Қурбоновро бо сарлавҳаи “Ҳайкали Пешво дар Данғара”-ро дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» хонда мамнун аз он гаштам, ки халқи азизам дар симои ин рӯзномнигор заҳматҳои ҳамарӯзаи Ҷаноби олиро баҳри шукуфоии Ватани маҳбубамон арҷгузорӣ мекунанд ва чунин таклифҳои ҷолибу муфид пешниҳод менамоянд.

Банда даъвати омӯзгорони муҳтарамро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, илова карданиям, ки ҳайкали Пешвои муаззами миллат дар зодгоҳаш деҳаи Кангурттут гузошта шавад.

Барои он ин таклифро пешниҳод менамоям, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асари олимони Академияи илмҳои Россия, бостоншиносон Н.М. Виноградова, В.А. Ранов, Т.Г. Филимонова “Ёдгориҳои Кангурттут дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (давраи неолит ва асрҳои биринҷӣ)” пешгуфтор навишта қайд карданд:

-“Ман Кангурттут ва атрофи онро хуб медонам – ин ватани ман аст…”

Бо гузоштани ҳайкали Пешвои миллат дар ин деҳаи хушманазара, ки олимони ватаниву хориҷӣ солҳои зиёд ковишҳои археологӣ бурда истодаанд ва заҳмату машаққати онҳо дар асари оламшумули Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дарҷ гардидааст, ба макони сайру гашти сайёҳон табдил гардида, бо иҷрои ин амали нек мо таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем.

Зариф Ғулом, адиб

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button