СиёсатХабарҳои кӯтоҳ

Тақдими манзилҳои истиқоматӣ ба кормандони милитсия

Имрӯз (10.11.с.2021) дар Рӯзи таъсисёбии мақомоти милитсия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар кӯчаи Р. Набиеви шаҳри Душанбе, бинои истиқоматии 5-ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба 40 нафар кормандони милитсия дар вазъияти тантанавӣ соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Манзилҳои истиқоматӣ аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат буда, бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маврид ба зикр аст, ки калидҳои манзилҳои истиқоматиро роҳбари аввали Вазорати корҳои дохилӣ ба кормандон супорида, онҳоро ба хизмати садоқатмандона ва софдилона ҳидоят намуд.

Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ низ дар навбати худ ваъда доданд, ки барои чунин дастгириҳои Ҳукумати мамлакат хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ монда, ба нафъи давлату миллат хизмати дучанд менамоянд.
Ҳамчунин имрӯз бинои 4 ошёнаи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД баъд аз таъмири капиталӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба истифода қарор дода шуд. Мавриди зикри хос аст, ки бино пас аз навсозӣ бо тамоми шароитҳои корбарӣ таъмин гардида, барои кормандони ин ниҳод шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Дар шафати бинои Раёстаи Қӯшунҳои дохилӣ бинои 2 ошёна сохта шудааст, ки дар ошёнаи якум барои кормандон ошхонаи замонавӣ ва дар бинои 2-юм толори варзишӣ бо тамоми дастгоҳҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ кормандони ин ниҳодро барои чунин як шароти хуби корӣ гардидан табрику муборакбод намуда, онҳоро барои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

IMG-20211110-WA0025

Абдулмуъмин Зайниддинзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button