Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ду рӯзи қабул ҳар ҳафта: Суҳбати ошкорои вазири тандурустӣ бо корафтодагон — акс

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони кишвар ҳар ҳафта имкони муроҷиати бевосита ва суҳбати озод бо роҳбарони ин ниҳодро доранд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар ин ниҳод рӯзи қабули шаҳрвандони мамлакат баргузор мегардад.Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, сокинон метавонанд бевосита суҳбати озод дошта бошанд ва мушкилоташонро ба миён гузоранд.Ин ниҳод аз ҷумла аз қабули ахири шаҳрвандон аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориши аксӣ нашр карда, таъкид намудаст, ки вазир бо корафтодагон суҳбати ошкору озод анҷом дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button