ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

Боздошт ва ҷаримабандии фолбини 2500 сомона (Видео)

Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд.
  Кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Боқиева Парвина Ёрмаҳмадовна истиқоматкунандаи ш. Душанбе ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.Номбурда худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекардааст, ки зимни азназаргузаронии манзилди истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Таассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бавар карда, ба ҷойи муроҷат ба тибби муосир аз чунин мардумфиребон дармони дард меҷӯянд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Боқиева Парвина Ёрмаҳмадовна барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button