Нуқтаи назарХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА: ЯКЕ БА ДУШАНБЕ МЕРАФТУ ДУЮМӢ – БА БАДАХШОН…

Субҳи 8 ноябр бар асари бархӯрди ду мошини “Тойота-Хайлукс” ва“Опел-Астра” дар ноҳияи Данғара, ронандаи “Опел” дар ҷои ҳодиса ҳалок гардида, 2 мусофираш захмӣ шуданд.Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 8-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 07:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Хайлукс”, Садоншоев Шукратшоҳ Одинашоевич, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Нурмаҳмад Аҳмадович, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.Дар натиҷаи садама, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҷабов Н.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони ин мошин: Раҷабова Адолат Аҳмадовна, соли таваллудаш 1979 ва Иноятова Нозанин Қодировна, соли таваллудаш 2002, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Бино ба иттилои дарёфтӣ, ронандаи “Тойота” ба зодгоҳаш, вилояти Бадахшон раҳсипор буду сокини ҳалокшудаи Данғара ба тарафи Душанбе мерафт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button