УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

Аз кор дар Троллейбус ба фарзандонам нон медиҳад (Видео).

Троллейбус ба фарзандонам нон медиҳад Қурбонбӣ Назруллоева, ронандазани хатсайри трелейбуси №12 мебошад. Ӯ 15 сол собиқаи кории мурабиягӣ дорад, вале шавқи ронандагӣ самти фаъолияташро ба пуррагӣ иваз кард. Зиёда аз 10 сол аст, ки аз соати 5-и субҳ то 19 дар ин хатсайр кор мекунад ва мусофирони ҳамешагии худро дошта, эҳтиромаш мекунанд. Касбашро хеле зиёд дӯст медорад ва шиораш дар зиндагӣ “хизмат кардан ба халқи худ аст”. Аз рӯи гуфтаи вай аз тарафи мардон гоҳҳо таҳқир ва суханҳои ноҷо мешунавад, вале муҳаббати касбаш болотар аз чунин ҳарфҳост ва ӯро дилсард намекунад ва аллакай одат кардааст. Қурбонбӣ дар ҳаёт ба ду фарзандаш танҳост, зеро шавҳараш ба муҳоҷират рафту барнагашт. Ин зани танҳо ҳарчанд ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашта бошад ҳам, вале имрӯзҳо аз зиндагиаш розӣ асту аз чизе шикоят надорад. Қурбонбӣ Назруллоева мегӯяд, ки занҳо кушиш кунад, ки бо нони ҳалол ба воя расонанд. Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. «Оила» барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

https://www.facebook.com/watch/?v=853187352016713

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button