МУҲОҶИРОН

СБЕРБАНК ДАР МАСКАВ КОРМАНДОНЕРО МЕҶӮЯД, КИ ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКӢ ВА ҚИРҒИЗИРО ДОНАНД

Сбербанк (Сбер), бузургтарин бонки Русия ва тамоми паҳнои Шӯравии собиқ, эълон додааст, ки дар Маскав нафаронеро, ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар сатҳи В2 балад бошанд, яъне ба ин забонҳо роҳат фикри худро баён ва суҳбат карда тавонанд, ба кор мегирад.Таҷрибаи кор ва маълумоти махсусе, ба ҷуз аз маълумоти миёна талаб карда намешавад. Аз довталабон танҳо хоста шудааст, ки бояд меҳрубон бошанд, ба дигарон кумак кунанд, бо ҳама забон ёфта тавонанд, аз субҳ то шом сари по истода, кор карда тавонанд ва бо планшету смартфон кор карда тавонанд.Маоши ин мушовирон пеш аз андоз 67 ҳазор рубл буда, Сбербанк ҳамчунин ба онҳо мукофот, рушди карйера, суғуртаи тиббии ДМС, ки хидматрасонии духтурони дандон дар беҳтарин бемористонҳои Маскавро дар бар бигирад, ваъда додааст. Кормандон ҳамчунин метавонанд тавассути вебинару тренингҳо ва таҳсил дар Донишгоҳи корпоративии Сбер маълумоти худро такмил диҳанд, ҳангоми таваллуди кӯдак ва дар вазъияти мушкили зиндагӣ аз ин корхона кумаки молиявӣ дарёфт кунанд, ба қарзу барномаҳои боимтиёзи нафақа дастрасӣ пайдо кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button