ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ КӮЧАКБОҚӢ МУЛЛОҶОНОВ, ЯКЕ АЗ ОХИРИН ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГ АЗ МАСТЧОҲ

Зуҳри 7 ноябр сокинони ноҳияи Мастчоҳ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пири хирадманд ва намоди ҷасорату ватандӯстӣ Кӯчакбоқӣ Муллоҷоновро ба хонаи охират гусел намуданд. Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов дар синни 97 аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ ва намози ҷаноза бо иштироки роҳбарияти ноҳия, меҳмонон аз Хуҷанду Душанбе, собиқадорони меҳнат, фарзандону пайвандон ва издиҳоми сокинони Мастчоҳ дар варзишгоҳи МТМУ рақами 24-и хоҷагии Сомониён баргузор шуд. Намози ҷанозаи марҳум аз ҷониби фарзандаш донишманди шинохта профессор Сайфулло Муллоҷонов хонда шуд.Марҳум яке аз ду нафари охирин аз иштирокчиёни ҶБВ аз ноҳияи Мастчоҳ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button