АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон нест, ӯ дар Афғонистон аст

Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид кард, ки раҳбари ҷабҳа дар дохили Афғонистон мебошад

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯи вижа бо хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфт, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар дохили Афғонистон аст.“Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд дар ҳоли ҳозир дар дохили кишвар аст. Дар ҳамаи мусоҳиба зикр кардам, ки ӯ дар дохили кишвар аст, аммо барои диду боздидҳо ва мулоқотҳо, баъзе аз ҷаласот низ шояд рафтуомад дошта бошад”, — гуфт оқои Назарӣ.Вай инчунин илова кард, ки писари Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд барои мулоқотҳои расмӣ баъзан аз Афғонистон низ берун мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button