ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нигаронии мақомоти тоҷик аз таксиронҳои маст дар Душанбе

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ахиран дар як ҷаласа аз фаъолияти таксиронҳои маст изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бархе аз садамаҳои нақлиётӣ ба далели маст будан ва истифодаи воситаҳои нашъадор сар задаанд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи ахир гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани нақлиёт сабти ном шудааст.Бино ба иттилои манбаъ, ин нигарониҳои генерали тоҷик дар мулоқоти муштараки роҳбарияти шаҳрдории Душанбева Раёсати ВКД дар пойтахт бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назорати роҳу нақлиёти Душанбе, садо додааст.Назарзода дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки “яке аз мушкилоти ташвишовар дар он аст, ки баъзе ронандаҳои таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор ронандагӣ карда садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button