Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Узбекистону Қазоқистон аз Русия таҷҳизоти низомӣ харидаанд

Русия соли равон ба Узбекистон ҳавопаймоҳои ҷангии «Су-30СМ», чархболҳои «Ми-35М», системаи мушакии «Бук-М2Е», зиреҳпӯшҳои «БТР-80» ва «БТР-82А» фурӯхтааст. Дар ин бора раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия Дмитрий Шугаев 1-уми ноябр ба РБК иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Шугаев, Узбекистон ҳамчунин аз Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини «Орлан-10Э», зиреҳпӯшҳои сабукрави «Тайфун-К» ва силоҳ харидорӣ намудааст.

Раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия​ афзудааст, ки Қазоқистон низ таҷҳизотҳои ҳамсонро дастрас кардааст. Аммо ӯ дар бораи теъдод ва арзиши техникаҳои низомии фурӯхташуда ба Узбекистон ва Қазоқистон иттилое надодааст.

Расонаҳо моҳи майи соли 2019 хабар доданд, ки Узбекистон ҳамкориҳои низомӣ-техникии худро бо Русия тақвият мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button