Хабарҳои кӯтоҳ

АЗ ПУШТ БА САРАШ ЗАД… ҲАМЛА БА ХАБАРНИГОРИ “ОИЛА” ДАР ДУШАНБЕ Т.А.

Хабарнигори медиа-ҳолдинги “Оила” рӯзи 2 ноябр, тақрибан соати 13 дар назди бинои корхонаи табъу нашри “Шарқи озод” (маъруф ба ГЖК), ки дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе дар байни бинои Сирки Тоҷик ва пули “Текстил” ҷойгир шудааст, ҳадафи ҳамлаи нафари ношинос қарор гирифтааст.Дар ин бора сомонаи Пресса.Тҷ, ки низ ба медиа-ҳолдинги “Оила” тааллуқ дорад, хабар дод.Нашрия гуфт, ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот номи ҷабрдидаро нашр намекунад.Бино ба гузориши нашршуда, Т.А. тахминан соати 13:00 дар саҳни ҳавлии ГЖК гаштугузор дошт. “Шахси номаълуме аз пушти сари ӯ зарба мезанад. Бар асари зарбаҳои ҳамлагар Т.А. осеби ҷисмонӣ мебинад, оринҷҳои дастонаш ва биниаш хуншор мешаванд ва дар ҳолати ниммадҳушӣ қарор мегирад. Шахси номаълум пас аз ин, телефони афтодаи Т.А.-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, хабар додааст Пресса.Тҷ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button