ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ ДАРУНИ ЯК МОШИНИ АНГУРИ ТОҶИКИСТОН 156 КИЛО МАВОДИ НАШЪАДОР ЁФТААНД

Кумитаи давлатии боҷхона ё гумруки Ӯзбекистон хабар дод, ки кормандони боҷхонаи “Ойбек” дар марзи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон аз кӯшиши қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд. Аз дохили пинҳонгоҳи як мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон ба Русия қариб 21 тонна ангур мебурд, дар умум 156 кило маводи мухаддири “афғонӣ”, аз ҷумла наздики 150 кило кило ҳашиш (чарс), қарим чоруним кило афюн ва беш аз якуним ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button