УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ПЕШНИҲОДҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН.

Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонуниро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.- Барои ҳалли фаврии мушкилот бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.- Сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.- Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.- Тоҷикон бояд дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.- Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button