ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

БА 17 МУҲОҶИРИ ТОҶИК, КИ ҲУҶҶАТҲОЯШОН ДАР ОТАШ СӮХТ, ДАР 10 РӮЗ ШИНОСНОМАҲОИ НАВ ТАЙЁР КАРДАНД

Барои 17 муҳоҷири тоҷике, ки ҳуҷҷатҳояшон дар сӯхтори шаби 20 октябр дар хобгоҳашон дар ҳудуди иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка” ба коми оташ рафт, дар зарфи 10 рӯз шиносномаҳои нав таҳия карда ва рӯзи 1 ноябр дар бинои консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба онҳо супурдаанд. Дар ин бора бо ирсол ва нашри видеоҳо Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод.Бино ба иттилои ӯ, муҳоҷирони аз сӯхтор зарардидаро, ки шуморашон, бино ба бархе ҳисобҳо, беш аз 80 нафар ва бино ба ҳисобҳои дигар, то 150 нафар гуфта мешавад, дар пайи дахолати мақомоти дипломатии Тоҷикистон ширкати корфармо дар як хобгоҳ дар Одинтсово ҷой карда ва ба ҳамаи онҳо ҷубронпулӣ низ додааст.Дар видеое, ки Муҳаммад Собиров ба сомонаи “Бомдоди” фиристод, яке аз ин муҳоҷирон мегӯяд, ки бо тамоми чиз таъминанд ва эҳтиёҷе надоранд. Ӯ гуфт, бархе афрод бо истифода аз ин ҳоисае, ки ба сари онҳо омад, деги даромади худро ҷӯш дода, гӯё барои муҳоҷирони дар сӯхтор зарардида пули хайрия ҷамъ мекунанд, ки дар асл чунин нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button