ТОҶИКИСТОНҲуқуқи инсон

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: АЗИЗА ДАВЛАТОВА БАРОИ СӮИҚАСД БА КУШТОР ВА ШАВҲАРАШ БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТ ДАСТГИР ШУДААНД

Маркази матбуоти прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр хабар дод, ки ин ниҳод муроҷиати шаҳрванд Алимова Зулфияро оиди бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе (Қарияи боло) бистарӣ шудани духтараш Мамаҷонова Мадина Амоновна, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ба президент, раиси Маҷлиси миллӣ ва прокурори генералии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор додааст.Дар иттилоияи расмӣ дар сомонаи прокуратураи генералӣ омадааст: “Маводи қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул карда шуда, аз натиҷаи он нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд. Феълан тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.”Ба Давлатов Лутфулло бар асоси қисми дуюми моддаи 117 барои азобу уқубат аз 3 то 7 соли зиндон ва ба ҳамсари ӯ Азиза Давлатова барои қасди куштор аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button