БАХШҲОВарзишХабарҳои кӯтоҳ

6 ГОЛИ БЕҶАВОБИ ТОҶИКИСТОН БА ДАРВОЗАИ НЕПАЛ (ВИДЕО)

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев шоми 28 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳузри 4500 тамошобин дар даври дуюми мусобиқоти интихоботии Ҷоми Осиё -2022 дар гуруҳи “Б”, ки бозиҳояш дар Тоҷикистон мегузаранд, ба дарвозаи Непал 6 тӯби беҷавоб зад. Пирӯзии бечунучарои Тоҷикистонро дар ин бозӣ голҳои задаи Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов, Рустам Соиров, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Ваҳдата Ҳанонов ва Эмомалӣ Аҳмадхон таъмин карданд.Ёдовар мешавем, футболбозони тоҷик дар бозии аввал низ бо шарофати голи ягонаи Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 87 бар тими Лубнон пирӯз шуданд ва акнун, шоми якшанбе, 31 октябр, соати 19:00, боз ҳам дар варзишгоҳи марказӣ, ба дидори тими Эрон хоҳанд рафт. Барои тими Тоҷикистон дар ин рақобат натиҷаи мусовӣ ҳам кофист, ки ба давраи баъдии мусобиқоти Ҷоми Осиё -2022 роҳхат бигирад. Вале тими Эрон танҳо дар сурати пирӯзӣ бар соҳибони майдон метавонад ҷои аввалро дар гуруҳи “Б” ба даст биорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button