ТОҶИКИСТОН

МОТАМ ДАР ХОНАИ ГЕНЕРАЛ ҶУМЪАХОН ФУТУР ПИСАРИ ЯГОНААШ ҶАВОНМАРГ ШУД

Майор Умед Раҳмонзода, фарзанди ягонаи генерал-майор Ҷумъахон Футуров, субҳи 28 октябр дар синни 34 бар асари бемории ҷигар аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, Умедро ҳамагӣ ду рӯз пеш ба иллати кафидани ҷигараш дар бемористон бистарӣ карда буданд.Умеди Раҳмонзодаро ҳамин рӯзи 28 октябр дар Душанбе дар канори амакаш генерал Алихон Футур Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2020 қурбони коронавирус шуда буд, ба хок супурданд.Умед Раҳмонзода то соли 2014 дар Агентии мубориза бо коррупсия ва солҳои баъд дар вазорати корҳои дохилӣ кор мекард. Аз ӯ се фарзанд боқӣ монд.Дар ин авохир ин алакай бори сеюм аст, ки ғаму мотам дари хонаводаи дар ноҳияи Данғара пурнуфузи Футур Раҳмонро мекӯбад. Рӯзи 9 август Аҳмадҷон Раҳмонзода, фарзанди чоруми Футур Раҳмон дар синни 53 дар шаҳри Бохтар ба иллати коронавирус вафот кард. Рӯзи 24 август Сангимоҳ Раҳмонова, ҳамсари Футур Раҳмон дар синни 92 дар деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара, ки ин хонавода аз ҳаминҷо бархостааст, аз олам чашм пӯшид.Ҳамин тавр, 1 сентябри соли 2020 генерал-майор Алихон Раҳмонзода, писари сеюми ин хонавода низ қурбони коронавирус шуда буд.Шодравон Футур Раҳмон ва ҳамсараш Сангимоҳ Раҳмонова 5 писар доштанд, ки се нафари онҳо сазовори рутбаи генералӣ шудаанд. Аз як оила бархостани се генерал дар таърихи Тоҷикистон ҳодисае ба сари худ бесобиқа аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button