УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

Марк Зукерберг, раиси шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» аз тағйири номи ширкат ба «Meta» хабар додааст.

Ӯ рузи панҷшанбеи 28-уми октябр гуфт, ки ин ширкат дар талош барои таҳқиқи воқеиятҳои маҷозӣ, номи худро ба «Meta» тағйир медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин кор гирдиҳам овардани нармафзор ё апликешанҳои мухталифи ин ширкат, яъне «Фейсбук», «Инстаграм» ва Ватсапп» зери номи ягона аст. Тағйири номи «Фейсбук» дар ҳоле сурат мегирад, ки ин шабака дар солҳои ахир ба хотири афзоиши қудраташ дар дунёи маҷозӣ ва шеваҳои тасмимгириаш, мавриди интиқоди сахт қарор гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир «Фейсбук» ду миллиарду 900 миллион корбар дорад. «Фейсбук» дар Тоҷикистон ҳам даҳҳо ҳазор корбар дорад ва аз шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button