Варзиш

ЛОИҚ РАҶАБОВ ИН ДАФЪА ҲАМ ДАР НАБАРД БАРОИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР ШИКАСТ ХӮРД (ВИДЕО)

Варзишгари 30-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, ки бо лақаби Jaguar Paw (Чанголи Ягуар) маъруф аст, шаби 28 октябр дар даври ниҳои мавсими нави лигаи размандаҳои касбии Professional fight league (PFL) дар вазни сабук аз рақиби 29-солааш аз Бразилия Рауш Манфио бо қарори якдилонаи доварон мағлуб шуд. Ин набард дар майдони Hard Rock Hoteland Casino дар Ҳолливуд, аёлати Калифорнияи Амрико баргузор шуд.Барои Манфио ин алаай пирӯзии 15-ум дар ММА буд. Ӯ ҳамагӣ 4 маротиба шикаст хӯрдааст. Барои Лоиқ бошад ин шикасти чорум буд. Размандаи тоҷик дар 12 набард пирӯз шудааст.Лоиқ Раҷабов инак бори дуюм аст, ки то финали мусобиқоти PFL роҳ меёбад, вале дар набард барои ҷоизаи асосӣ, ки 1 миллион доллар аст, шикаст мехӯрад.Ёдовар мешавем, соли 2019 варзишгари тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти Гран-прии Professional fight league (PFL) – 2019 дар вазни сабук роҳ ёфт, вале дар финал, ки шаби 1 январи соли 2020 дар толори машҳури “Медисон Сквер Гарден” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, аз рақибаш аз Бразилия Натан Шулте шикаст хӯрд ва аз як миллион доллар ҷоиза маҳрум гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button