МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ДОДГОҲИ МАСКАВ РУСЛАН БОБИЕВ ВА ДУГОНААШРО БА 10 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ КАРД (ВИДЕО)

Додгоҳи ҳакамии № 370 ноҳияи Твери шаҳри Маскав рӯзи 29 октября блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев ва шарики ӯ Анастасия Чистоваро ба 10 моҳи зиндон маҳкум кард. Қозӣ ҳардуро дар таҳқири эътиқоди диндорон гунаҳкор шинохт.»Додгоҳ муқаррар кард, ки онҳо дар маҳзари ом даст ба амалҳое задаанд, ки баёнгари беэҳтиромии ошкоро ба ҷомиа буда, бо мақсади таҳқири эътиқодии мазҳабии диндорон содир карда шудаанд. Ҳар кадоми онҳо ба 10 моҳи маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум карда шуданд «, — хабар додааст хадамоти матбуоти додгоҳ.Ба ин тартиб, додгоҳ талаби айбдоркунандаи давлатиро, ки як рӯз пеш барои Бобиев ва Чистова даҳмоҳӣ ҳукми зиндон талаб карда буд, пурра қонеъ гардонд.Назари маҳкумшудаҳо ва вакилони мудофеи онҳо то ҳол дастрас нашудааст.Руслан Бобиев ва Анастасия Чистова барои нашри акси имитатсияи алоқаи ҷинсии даҳонӣ дар назди калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия бар асоси қисми якуми моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия ба таҳқири эътиқоди диндорон гунаҳкор дониста шуданд. Ин яке аз нахустин парвандаҳо бар асоси ин банди қонун дар Маскав аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button