Хабарҳои кӯтоҳ

Узрхоҳи Лоиқ Раҷаб аз ҳаватанон ту барои мо қаҳрамони (Видео)

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Варзишгари тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар Гран-при Professional fight league (PFL) – 2021 аз тарафи ҳарифи бразилиягиаш Рауш Манфио мағлуб шуд.Мусобиқа дар майдони «Hard Rock Hoteland Casino»-и Ҳолливуд (ИМА) шоми 27 ба 28 октябр доир гашт.Ҳарду варзишкор ҳам ба майдон бо омодагии ҷиддӣ омаданд. Аз ин рӯ рақобат то охирин дақиқаҳо идома кард.Лоиқ Раҷабов бештар ба ҳамла аҳамият медод, аммо ба ҳимоя кӯшиш накард, ки аз камбуди ӯ дар набард гуфта мешавад.Ҳарифи ӯ бошад авлавиятро ба ҳимоя медод ва дар паси он зарбаҳои нишонрас мезад, ки боис ба даст овардани холҳои бештар шуд.Дар поёни рақобат бо қарори якдилона пирӯзӣ ба намояндаи Бразилия Рауш Манфио бо ҳисоби 48-46, 48-46, 49-46 дода шуд.

https://youtube.com/watch?v=N_C258jVzL8%3Flist%3DPLjFJGfae9yD-lzeibvrUeEdmnIxKnX1e-

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button