ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Дурӯғҳои Ҳусейн Ашуров алайҳи ҳифзи манофеи миллӣ (Видео)

Имрӯз дар барномаи зиддимиллии марбут ба “Г-24” “Ҳақ ва ботил” масъалаи Иззат Амон ва лимити барқ дар кишвар мавриди баҳс қарор дода шуда, дар он дурӯғҳо ва сохтакориҳои дастандаркорони он нисбат ба “ғамхори”-и мардум, “ҳифз ва гиромидошти арзишҳо ва манофеи миллӣ” ба “хубӣ” ошкор мегардад. Аз А. Ҳусейн сар карда ҳамаи наҳзатиёни- 24 (“Г-24”) худро собиқадорони барҷастаи арсаи сиёсат ва “мардумсолор” муаррифӣ мекунанд, аммо дар ҳақиқат онҳо собиқадорон дар риштаи хиёнат ва хиёнатпешагӣ ҷуз нафаре нестанд. Бояд тазаккур дод, ки аввал ин гурӯҳ террористӣ ва зиддимиллӣ бо мақсадҳои муғризонаи муайян нисбат ба миллат ва давлати Тоҷикистон ташкилкарда аст. На кадом ҳизб ва ё гурӯҳе, ки он манфиатҳои миллиро ҳифз намуда, ҳамчун “ғамхор” нисбат ба мардум муаррифӣ шавад. Миллат ғамхорашро мешиносад ва ба хубӣ ёду эътироф мекунад. ТТЭ ҲНИ ва Г-24 буда наметавонад. То ҳоло истифодаи шифоҳӣ ва хаттии тамоми ҳарфҳо ва ҷумалоти китоби Қурон аз тарафи ТТЭ ҲНИ, “Г-24” ва саркардаи он Кабирӣ ва А. Ҳусейнов танҳо ба хотири фиреб ва суистифода кардани арзишҳои эътиқодии миллати тоҷик ба кор мераваду халос. Онҳо нисбат ба миллати тоҷик хиёнат дар дунё ва ҳам дини онҳо кардааст. Наметавон ин ташкилоти террористиро ҳизб ва гурӯҳи сиёсӣ бо ҳадафҳои нек ва ояндасози миллӣ номид. Аз он ҷое, ки Ашуров дар суҳбати онлайниаш дар фазои маҷозӣ “нахуди сари қошуқ”-и ҳамагон гардид. Дастгир шудани ҷинояткор Иззат Амонро, ки дар асоси шикояти даҳҳо нафар ҷабрдидагон сурат гирифт ва ҳукми қонунӣ гирифт, онро бемантиқ ва нодуруст донистааст. Медонед барои чӣ? “Барои он, ки ба гуфтаи ӯ маккори И. Амон дастгири муҳоҷирон будааст”. Дар ҳоле, ки алакай ӯро ҳамчун қаллоб ва душмани муҳоҷирони меҳнатӣ шинохтаанд ва эътироф кардаанд. Ҳоло бидуни он ки Ашуров Ҳ. ин ҷо мавқеи худ ва тоҷикистониёнро нисбат ба вуҷуди шуми Иззат Амон пеш орад, вай аз “бегуноҳи”–и он ёдовар мешавад. Ва талош менамояд аз ӯ як қаҳрамони халқӣ тарошад. Ёдрас мекунам, ки тамоми қишрҳои муҳоҷирон аз вуҷуди чунин бо ном “ҳомии ҳуқуқ” безоранд. Мутмаинам, Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” бо ин масъала зархарид будани худ ва ҳатто сирри “эҷоди қудрат”- и худро фош сохт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button