ТОҶИКИСТОН

“Ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон”. Ҳизби демократи Тоҷикистон ба суханони Жапаров вокуниш кард

Дар изҳороти ҳизб гуфта мешавад, ки Жапаров дар нишасти матбуотӣ масъалаҳои вобаста ба марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистонро тарзе пешниҳод кардааст, ки гӯё тарафи Тоҷикистон мушкили асосии ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад. Вале дар ҳамин ҳол аз рафтори ҷониби Қирғизистон чизе нагуфтааст.“Раиси ҷумҳури Қирғизстон дар бораи ҳамлаҳои марзбононаш ба қаламрави Тоҷикистон, сангборон кардани донишомӯзон ва шаҳрвандони тоҷик, якҷониба бастани роҳҳои марзӣ ва рафтуомади воситаҳои нақлиёти заминиву ҳавоӣ бо Тоҷикистон, ҳуҷумҳои беохири марзбонону шаҳрвандонаш ба қаламрави Тоҷикистон чизе намегӯяд. Ин амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати кишвари дигар дониста мешавад”, — гуфта мешавад дар изҳороти ҳизб.Таъкид мешавад, ки Жапаров дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада, бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад, ки аслан қобили баҳс нест.“Дар баҳсҳои пешин таърихнигорон ба ин масъала посух додаанд ва дубора пеш гузоштани он буғз иғвои бузургро дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин даъво ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламрави Тоҷикистон буд”, — омадааст дар изҳорот.Қайд шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи заминҳои мавриди баҳс бар асоси санадҳои расмӣ ва таърихӣ моли Тоҷикистонанд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад. Ҳизби демократи Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар пайи ин изҳороти пурмуаммо, хабаргузориҳо аз афзоиши неруҳои мусаллаҳ ва афроди низомии ин кишвар дар назди марзи Тоҷикистон, харидорӣ ва интиқоли силоҳ ба ноҳияҳои наздимарзӣ хабар медиҳанд.“Хеле рӯшан аст, ки раҳбарони Қирғизистон ба мушкили ҷиддии мухолифати дохилии сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бинобар ин, бо истифода аз фишангҳои қудрат дар ин чанд соли ахир дар марзи миёни кишварашон бо Тоҷикистон мушкилоти худсохтаро ба роҳ монда, аз давлати Тоҷикистон “душман” сохтанд. Онҳо дар ин кор то ҳадде муваффақ шуда, ҷараёни мухолифати мардумиро бо роҳбарони сиёсӣ ба сӯйи “душмани сарзаминашон” – Тоҷикистон баргардонданд”, — таъкид мегардад дар изҳорот.Ба гуфтаи аъзоёни ҳизб, сиёсати имрӯзаи давлати Жапаров барои ҳар ду давлати ҳамсоя ва мардуми минтақа хеле хатарнок аст. Чун роҳбарони ин кишвар ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотару болотар мебардоранд.“Бо дарки ҳамаи ин “тараддуду ташвишҳо”-и роҳбарони Қирғизистон, омодагии низомӣ, эҷоди фазои иттилоотии душманона дар қиболи кишвари ҳамсоя, даъвоҳои беохир ва беасос ба моликияти қонунии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки давлати ҳамсоя мехоҳад мушкилотро бо қувваи зӯр ҳал кунад. Яъне раҳбарияти Қирғизистон тавонистааст ба ҷойи мушкилоти сиёсии дохилӣ дар зеҳни мардуми кишвараш эҳсоси интиқомҷӯйиро ҷойгузин кунад”, — гуфта мешавад дар баёния.Таъкид мешавад, ки давлат ва миллати Тоҷикистон тарси ҳуҷуми ин кишварро надорад ва мардуми мо қодир аст ба ҳар гуна таҳдидҳо посухи сазовор бидиҳад.“Бор дигар ба раиси ҷумҳур ва сиёсатмардони давлати ҳамсояи Қирғизистон пешниҳод мекунем, ки дар ин айёми хушунатбор аз иқдомҳои мухолифатбарангез даст бикашанд ва дар мавриди сиёсати ҳамзистии осоишта дар фазои ҳамсоягӣ тадбирҳои чорасози осоиштаро биандешанд. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҷанг хонахарорбии мардум ва кишварҳост”, — омадааст дар охири баёнияи шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button