ТОҶИКИСТОН

ХИТОЙ ДАР ВОДИИ ВАХОНИ ТОҶИКИСТОН ПОЙГОҲ МЕСОЗАД. ВАЛЕ БАРОИ КӢ?

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 27 октябр созишномаи байни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазорати амнияти Хитой, ё Чинро тасвиб кард, ки барои бунёди пойгоҳи Хитой дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳ мекушояд. Ин лоиҳаро ба вакилони парлумон муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва вакили парлумон Толибхон Азимзода муаррифӣ кардаанд. Абдураҳмон Аламшозод гуфтааст, пойгоҳи навро Чин дар водии Вахон дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим месозад. Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, пойгоҳи махсус марбути ВКД Тоҷикистон буда, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки барои бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. «Маблағи сохтмон 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ, пешбинӣ шудааст», — хабар додааст Азимзода.Толибхон Азимзода дгуфтааст, ки Чин ин пойгоҳро барои Тоҷикистон месозад ва дар онҷо оилаҳои афсарони тоҷик бояд зиндагӣ кунанд.Қарордод дар мавриди таъсиси пойгоҳи Чин дар ВМКБ дар ҳоле имзо шуд, ки ҳукумат дар Афғонистони ҳам бо Чину ҳам бо Тоҷикистон ҳаммарз ба дасти гуруҳи тундрави Толибон гузашт. Тоҷикистон режими нави Толибонро ба таври ошкоро қабул надорад. Пекин ҳарчанд талош дорад, то бо ҳокимони нави Афғонистон ягон забони муомила биёбад, вале маълум аст, ки дар асл аз ба қудрат расидани як гуруҳи тундрави исломгаро зиёд хушаш намеояд ва нигарон аст, ки пирӯзии Толибон ҷудоиталабони уйғурро дар вилояти Шинҷон дар ғарби Чин рӯҳбаланд мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button