МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ГЕНЕРАЛ САЛАМШОҲРО БА РУСҲО КӢ ФУРӮХТ? МЕГӮЯНД, ЯК ТОҶИКИ ХУДАМОН…

Пойгоҳи хабарии “Бомдоди” ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки рӯзи 21 октябр генерал Саламшоҳ Муҳаббатов, паҳлавони маъруф ва фармондеҳи собиқи мухолифинро дар фурудгоҳи Маскав иҷозати вуруд ба қаламрави Русия надоданд. Каримҷон Ёров, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав дар Фейсбукаш навишт, ки Саламшоҳ Муҳаббатовро ба эҳтимоли зиёд бар асоси “маълумот”и ба пулиси Маскав додаи олими тоҷики муқими Русия Ҳоким Муҳаббатов “запрет” задаанд. Каримҷон Ёров санадеро иборат аз 8 саҳифа чоп кард, ки “Справка для руководства Московского уголовного розыска” (Маълумотнома барои роҳбарони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Маскав”) ном дошта, дар поёнаш гуфта мешавад, ки ин “справка” ё “маълумотнома” аз ҷониби роҳбари РОО “Ватан” Мухаббатов Х.М. таҳия шудааст. Дар санад имзо ё муҳре нест, вале РОО “Ватан”, созмони ҷамъиятиест, ки Ҳоким Муҳаббатов ташкил ва роҳбарӣ мекард.Дар ин санад ба номи роҳбарони пулиси Маскав муаллиф як ба як гуруҳҳои ҷиноятии дар Маскав ва атрофи он ва дигар минтақаҳои Русия ташкилдодаи тоҷикон, ё ба истилоҳ “мафияи тоҷикӣ” маълумот медиҳад ва Саламшоҳ Муҳаббатовро ба он гунаҳкор мекунад, ки тавассути бародараш Темур “мафияи ванҷиҳо”ро дар Русия идора ва роҳнамоӣ мекунад…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button